Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Швейтсария тақвият медиҳад

Октябрь 20, 2025 10:29

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои  муҳими ҳамкории мутақобил байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария дар мулоқоти  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Мартин Шлегел дар Вашингтон баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  ҷонибҳо  ҳамзамон  роҳҳои таҳкими робитаҳои касбӣ ва густариши ҳамкориро дар бахшҳои сиёсати пулӣ, устувории молиявӣ, идоракунии хавфҳо ва афзоиши иқтидори кадрӣ баррасӣ намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории ҳарду ниҳоди молиявӣ, ки зиёда аз 25 сол идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Иброз гардид, ки дар ин давра лоиҳаҳои зиёди кумакҳои техникӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва идоракунии хавфҳо бо дастгирии Бонки миллии Швейтсария амалӣ карда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло нишондиҳандаҳои мусбати рушди иқтисодӣ дошта, сиёсати пулии мамлакат ба таъмини суботи нархҳо, таҳкими низоми бонкӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нигаронида шудааст.

Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ, тавсеаи муомилоти молиявӣ, тақвияти пардохтҳои байналмилалӣ, ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ, рушди молияи “сабз” ва устуворӣ ба хавфҳои иқлимӣ суҳбат намуданд. Изҳор дошта шуд, ки табодули таҷриба, машваратҳои коршиносӣ ва барномаҳои омӯзишӣ метавонанд дар таҳкими иқтидори дастурӣ ва рушди насли нави мутахассисони соҳа мусоидат намоянд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки робитаҳо байни бонкҳои марказии ҳарду давлат бо назардошти манфиатҳои дуҷониба минбаъд низ дар сатҳи баланд идома меёбанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2025 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст