Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносии муқоисавӣ, тарҷумашиносӣ ва муоширати байнифарҳангӣ дар замони муосир» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Конференсия дар доираи амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мунир Сафарзода таъкид намуд, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар донишгоҳ нақша-чорабиниҳо амал намуда, бандҳои он вобаста ба марҳилаҳои татбиқ амалӣ карда мешаванд.
Дар заминаи факултетҳои филологияи рус ва филологияи хориҷӣ 3 синфхонаи лингофонӣ ва кабинетҳои фаннӣ фаъолият дошта, машғулиятҳои омӯзгорон бо баҳрабардорӣ аз дастгоҳҳои муосири технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ гузаронида мешаванд.
Ба омӯзиш фаро гирифтани донишҷӯён ва хоҳишмандон барои забономӯзӣ дар назди донишгоҳ Маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» ва маркази «Фазои русӣ» таъсис дода шудааст, ки забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва Чинӣ тадрис мешаванд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангӣ дар Тоҷикистон: бозёфт, мушкилот ва дурнамо», «Ҳифзи забон ҳифзи ватан мебошад» ва дигар мавзуъҳо маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
Иброз шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки сиёсати забонии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари забони тоҷикӣ ба фаъолияти озодонаи забонҳои дигар мусоидат менамояд ва имкон медиҳад, ки забонҳои дигар ҳам мавриди омӯзиш қарор бигиранд.
Кори конфронс дар се бахш идома ёфта, мақолаҳои олимону донишмандон ва устодону кормандон ба забоншиносии муқоисавӣ, тарҷумашиносӣ ва муоширати байнифарҳангӣ дар замони муосир баррасӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд






