Дар Душанбе дар мавзуи «Пули сомонӣ-рукни давлатдории миллӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд

Октябрь 31, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пули миллӣ на танҳо василаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ мебошад. Ин матлабро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Конфронси илмӣ-назариявӣ  таҳти унвони «Пули сомонӣ-рукни давлатдории миллӣ», ки  дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25-солагии ба муомилот баровардани пули миллӣ-сомонӣ баргузор гардид, баён  намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар конфронс  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобил Хушвахтзода, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ иштирок намуданд.

Ҳоким Холиқзода доир ба таърихи 25 соли ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ сухан намуда, аз  таърихи солҳои аввали соҳибихтиёрӣ, вазъи иқтисодӣ, барориши аввалин пули миллӣ — рубли тоҷикӣ ва баъдан сомонӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки гузашти айём исбот намуд, ки қарор дар бораи ташкил намудани низоми пулии мустақил ва ба муомилот ворид гардидани пули миллӣ иқдоми дурусту саривақтӣ буд, ки барои ташаккули истиқлолияти иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард».

Дар конфронс Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода  иброз намуд, ки масъалаи пули миллӣ аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбари давлат интихоб шудани Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт.

Пули миллӣ яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб ёфта, санаи ба муомилот баровардани он дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад.

Иброз гардид, ки маҳз бо ибтикори шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба муомилот баровардани нишонаҳои нави пули миллии сомонӣ тасмим гирифта шуд.  26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар «сомонӣ» ба имзо расид.

Имрӯз пули миллӣ — сомонӣ рамзи арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, барои иқтисодиёти рӯ ба рушди кишвари мо ҳамчун воситаи боэътимоди муомилот хизмат мекунад. 

Дар идомаи конфронс иштирокдорон оид ба таърихи сикказанӣ дар замони ниёгон, ташаббуси  Президенти мамлакат  дар хусуси ҷорӣ кардани пули миллӣ, таърихи барориши он, интихоби симои қаҳрамонони миллат, ҷойҳои таърихӣ ва нигораҳо, унсурҳои ҳимоявии пули миллӣ сухан намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 31, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд