Дар ноҳияи Фархор нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал иҷро гардид

Октябрь 1, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи нахустин пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ доданд.

Дар рӯзи аввал иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз хештаншиносӣ, масъулиятшиносӣ  ва муқаддас доштани хоки ин сарзамин аз ҷониби ҷавонони ин ноҳия дарак медиҳад.

Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид, ки то охири моҳи ноябр идома меёбад. Масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар якҷоягӣ бо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор

Октябрь 1, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»