Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили лимӯ оғоз шуд

Октябрь 11, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон майдони умумии лимӯ 410 гектарро ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳои мамлакат ҷамъоварии ҳосили он оғоз гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Лимӯи тоҷикӣ яке аз меваҳои содиротии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат буда, онро метавон ҳамчун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш аз дигар намудҳои он бартарӣ дорад.

Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бо истифода аз имконот ва иқтидори мавҷудаи аграрии ҷумҳурӣ зиёд намудани парвариши он ҳам ба манфиати лимӯпарварон ва ҳам барои баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мебошад. Агар корҳои агротехникӣ хуб ба роҳ монда шаванд, дар оянда он ҳамчун зироати серталаб ба хориҷи мамлакат низ содир карда мешавад. Дар ин самт лимӯпарварӣ метавонад ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок табдил ёбад».

Сайдалӣ Гулов афзуд ки дар Тоҷикистон барои зиёд кардани заминҳо барои парвариши лимӯ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Соли 2024  «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид. Дар доираи татбиқи ин барнома  беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд карда мешаванд. Ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бунёд мегарданд.

Ба тавсияи мутахассисон, лимӯ растании ба хунукии сахт тобовор нест. Дар шароити Тоҷикистон парвариши лимӯ асосан бо ду тарз: дар лимӯхонаҳои зеризаминӣ-хандақҳо ва лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо ба роҳ монда шудааст. Онҳо аз лиҳози парвариш, нигоҳубин, ҳосилнокӣ ва тарзи истифодаи техникаи кишоварзӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Афзалияти парвариши лимӯ дар хандақҳо дар он аст, ки аз ҳисоби гармии замин зимистонгузаронии лимӯ таъмин карда мешавад.

Дар гармхонаҳои рӯизаминӣ барои зимистонгузаронӣ манбаъҳои дигари гармидиҳӣ истифода карда мешаванд. Ҳосилнокӣ дар лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо нисбат ба хандақҳо ду маротиба зиёдтар аст. Дар шароити Тоҷикистон ҳафт намуди лимӯ парвариш карда шуда, онро аз қаламча зиёд мекунанд.

Олимони тоҷик тарзи парвариши лимӯро ба деҳқонон омӯхтаанд. Барои зимистонгузаронӣ ҳарорати дохили гармхона бояд аз +4+5 то +8+10 дараҷа мусбат бошад, ки муғҷаҳои ҳосилдиҳандаи онро сармо назанад. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал ва март оғоз ёфта, давраи пухта расидани ҳосилаш моҳҳои октябр –ноябр мебошад. Барои пухта расидани лимӯ дарахти он бояд аз 3500 то 4000 дараҷа гармиро ба худ қабул намояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад