Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили лимӯ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон майдони умумии лимӯ 410 гектарро ташкил медиҳад. Дар баъзе минтақаҳои мамлакат ҷамъоварии ҳосили он оғоз гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Лимӯи тоҷикӣ яке аз меваҳои содиротии Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат буда, онро метавон ҳамчун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш аз дигар намудҳои он бартарӣ дорад.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бо истифода аз имконот ва иқтидори мавҷудаи аграрии ҷумҳурӣ зиёд намудани парвариши он ҳам ба манфиати лимӯпарварон ва ҳам барои баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мебошад. Агар корҳои агротехникӣ хуб ба роҳ монда шаванд, дар оянда он ҳамчун зироати серталаб ба хориҷи мамлакат низ содир карда мешавад. Дар ин самт лимӯпарварӣ метавонад ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок табдил ёбад».
Сайдалӣ Гулов афзуд ки дар Тоҷикистон барои зиёд кардани заминҳо барои парвариши лимӯ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Соли 2024 «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид. Дар доираи татбиқи ин барнома беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд карда мешаванд. Ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бунёд мегарданд.
Ба тавсияи мутахассисон, лимӯ растании ба хунукии сахт тобовор нест. Дар шароити Тоҷикистон парвариши лимӯ асосан бо ду тарз: дар лимӯхонаҳои зеризаминӣ-хандақҳо ва лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо ба роҳ монда шудааст. Онҳо аз лиҳози парвариш, нигоҳубин, ҳосилнокӣ ва тарзи истифодаи техникаи кишоварзӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Афзалияти парвариши лимӯ дар хандақҳо дар он аст, ки аз ҳисоби гармии замин зимистонгузаронии лимӯ таъмин карда мешавад.
Дар гармхонаҳои рӯизаминӣ барои зимистонгузаронӣ манбаъҳои дигари гармидиҳӣ истифода карда мешаванд. Ҳосилнокӣ дар лимӯхонаҳои рӯизаминӣ-гармхонаҳо нисбат ба хандақҳо ду маротиба зиёдтар аст. Дар шароити Тоҷикистон ҳафт намуди лимӯ парвариш карда шуда, онро аз қаламча зиёд мекунанд.
Олимони тоҷик тарзи парвариши лимӯро ба деҳқонон омӯхтаанд. Барои зимистонгузаронӣ ҳарорати дохили гармхона бояд аз +4+5 то +8+10 дараҷа мусбат бошад, ки муғҷаҳои ҳосилдиҳандаи онро сармо назанад. Мавсими гулкунии лимӯ охири моҳи феврал ва март оғоз ёфта, давраи пухта расидани ҳосилаш моҳҳои октябр –ноябр мебошад. Барои пухта расидани лимӯ дарахти он бояд аз 3500 то 4000 дараҷа гармиро ба худ қабул намояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






