Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 179 ҳазору 818 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 45 ҳазору 254 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар шароити муосири рушди деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши занон дар идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ давра ба давра боло меравад. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон ҳамчун роҳбарони фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои охир шумораи заноне, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба зимма мегиранд, меафзояд. Соҳибкорзанон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, нонпазию қаннодӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Дар баробари ин соҳибкорзанон ҷойи нави кор таъсис дода, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






