Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд

Октябрь 21, 2025 13:11

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 179  ҳазору 818 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 45 ҳазору 254 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар шароити муосири рушди деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши занон дар идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ давра ба давра боло меравад. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон ҳамчун роҳбарони фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускорон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои охир шумораи заноне, ки роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба зимма мегиранд, меафзояд. Соҳибкорзанон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, нонпазию қаннодӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Дар баробари ин соҳибкорзанон ҷойи нави кор таъсис дода, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2025 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд