Даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 25 октябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар даври ҷамъбастӣ ҳунармандони 12 шаҳру ноҳияи мамлакат- ғолибони даврҳои дигар иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар ва баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.
Фестивал-озмун дар се давр доир шуда, даври якум аз 10 июн то 25 июл дар сатҳи маҳал баргузор гардид. Даври дуюм аз 1 август то 20 сентябр дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд.
Дар фестивал-озмун суруду оҳангҳое пешниҳод мегарданд, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро инъикос менамоянд. Муҳтавои онро тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, расму ойин, истиқлолу озодӣ, дӯстию ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон, анъанаю ҳунарҳои бадеии халқӣ ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ фаро мегиранд.
28 октябри соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизиони эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» ва консерт доир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






