Даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайронкуниҳои ин соҳаро фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки зимни он ба иштирокчиёни даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» сертификатҳо супорида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.
Даври омӯзишӣ аз 13 то 24 октябр идома ёфта, зимни он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот бо асосҳои моликияти зеҳнӣ шинос шуданд.
Ба даври омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» дар баробари мутахассисони дохилӣ, инчунин мутахассисон аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади мубодилаи таҷриба оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ҷалб карда шуданд. Даври омӯзишӣ ҳама паҳлуҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла назария, эҷод, пешниҳод, санҷиш, ҳифзу ҳимоя ва ҳуқуқвайронкуниро фаро гирифт.
АКС: Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон











Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






