РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 4,4 миллион тонна семент истеҳсол мегардад

Октябрь 31, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 512,1 ҳазор тонна ё 15,8 фоиз зиёд аст. Дар умум, иқтидори солонаи корхонаҳои сементбарории ҷумҳурӣ беш аз 6 миллион тонна буда, ҳамасола зиёда аз 4,4 миллион тонна семент истеҳсол карда мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

— Дар соли 2014 дар Тоҷикистон 9 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият мекард ва ҳамагӣ 300 ҳазор тонна семент истеҳсол мегардид. Айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 15 корхонаи сементбарорӣ, фаъолият дорад, ки дар муқоиса ба соли 2014 теъдоди онҳо 6 адад зиёд мебошад. Корхонаҳои сементбарорӣ бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти технологии пешрафта таъмин мебошанд.

Маҳсулоти корхонаҳои мамлакат бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Барои истеҳсоли семент хок, оҳаксанг, магнетит, сафедхок, қуми квартсит, гаҷсанг ва ангиштсанг, дар маҷмуъ, ашёи хом дар корхонаҳо аз захираҳои табиии ватанӣ дастрас мегардад.

Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ дар Тоҷикистон талабот ба семент зиёд гардидаст. Тибқи иттилои Агенти омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2025 дар байни маҳсулоти истеҳсоли коркард болоравии нархи семент 9,4 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 августи соли 2016 дар маросими ба истифода додани корхонаи нави сементбарорӣ дар ноҳияи Ёвон иброз намуданд, ки «тавассути таъсиси корхонаҳои гуногуни саноатӣ коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати тараққикардаи саноативу аграрӣ табдил диҳем. Васеътар ба роҳ мондани истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва истифодаи имкониятҳои содиротии мамлакат иқтидори иқтисоди миллиро торафт баланд мебардорад ва ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд».

Бунёд гардидани корхонаҳои нави саноатӣ барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлкат ва таъсиси ҷойҳои нави кор заминаи устувор мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид