Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки фаъолият ва дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 15 октябр дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Саяко Ногива ва хонум Канематсу Юи баррасӣ карда шуданд.
Зимни пешниҳоди маълумот доир ба фаъолияти кумита ва муассисаҳои зерсохтор иброз гардид, ки бо вуҷуди навтаъсис будани кумита бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муҳим ба анҷом расидаанд. Инҳо таҳияи санадҳои танзимкунанда, бознигарии барномаҳои таълимӣ, афзоиши шумораи ихтисосҳои коргарӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ба имзо расонидани якчанд санади дуҷонибаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба шумор мераванд.
Ҳамчунин ба масъалаи рушди таҳсилоти касбӣ барои шахсони дорои имконияти маҳдуд таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, таъкид шуд, ки кумита дорои муассисаҳои махсуси таълимӣ барои ин гурӯҳи аҳолӣ мебошад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе Литсейи касбии махсуси маъюбон ва филиали он дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амал мекунанд. Ҷавонон пас аз хатми синфи 9 ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, таъмири телефонҳои мобилӣ ва таҷҳизоти техникӣ, пойафзолдӯзӣ ва дигар ихтисосҳои заруриро меомӯзанд.
Таъкид гардид, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон то кунун чунин муассисаҳо мавҷуд нестанд ва кумита тасмим гирифтааст, ки дар он минтақаҳо низ филиалҳои Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанберо таъсис диҳад.
Саяко Ногива гуфт, ки Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон дар Тоҷикистон омода аст дар самти рушди таҳсилоти касбӣ, бахусус барои ҷавонони дорои имконияти маҳдуд бо кумита ҳамкории зич намояд. Ассотсиатсия лоиҳаи наверо дар ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба роҳ мемонад, ки ба самти дастгирии хонандагону донишҷӯёни дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон ва ташкили машғулияти такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳи марказии кумита ва омӯзгорони муассисаҳои зертобеи он равона мешавад.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаи таҳияи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни кумита ва ассотсиатсияро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки пас аз тасдиқи он татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак, бахусус дар самти таҳсилоти фарогири маъюбон оғоз мегардад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






