ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!

Октябрь 5, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба ҷумлаи муқаддасоти миллӣ дохил шудааст.

«Барои мардуми некманиши Тоҷикистон панҷуми октябр рӯзи шарифест, ки бузургдошти падидаи гаронбаҳою беназири мо –Рӯзи забони муқаддаси модарии тоҷикии мо ҷашн гирифта мешаванд. Ин ду падида, ки ҳарду наҷотбахши миллату давлати моянд, барои халқи заҳматкашу соҳибтамаддуни тоҷик азизу шарифанд ва мо бо ҳарду ифтихор дорем»,-чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

— Бо забони модариамон ифтихор аз он дорем, ки маҳз бо шарофати он миллати мо давоми таърихи гарону хунин аз байни обу оташ зинда гузашта, ҳувияти миллии худро нигоҳ дошт ва бори дигар давлатдори навини миллии моро пойдор намуд. Тамоми ганҷури бебаҳои миллии мо маҳз дар забони модариамон, ки забони бузургону нобиғагони илму адабу фарҳанг аст, маҳфуз мондаву бо шарофати он миллати мо зиндаву поянда мондааст. Ин аст, ки он имрӯз моро зинда доштаю ба мо ифтихори миллию байналмилалӣ мебахшад.

Бо Пешвои миллатамон ифтихор аз он дорем, ки чун паёми озодии миллати мо, чун подоши ҳазоронсолаи халқи некманиш ва давлатдории мо бо хати эҳё ва номаи наҷоти миллати тоҷик дар даст дар рӯзҳои тақдирсози халқамон арзи вуҷуд карда, Тоҷикистони моро бо закои хирад ва сиришти қавии ватандӯстонаашон аз вартаи фалокат наҷот доданд.

Ин симоест, ки дар илму адаб ва дар эҷоди суханварони мо бо дурахши ватандӯстонаю инсонпарваронааш дурахши ҷовидона ёфтааст. Ҳақ аст шоири тоҷик, ки ин сурударо сурудааст:

Бо фурӯғу нубӯғи симояш
Тоҷикистони мо дурахшон шуд.
Бо гули хандаи лабони ӯ
Тоҷикистони мо гулафшон шуд.

Ҳақиқати ин симо ва ин рӯзгори таърихӣ ва тақдирсозро низ метавон дар шеъри шоири муосири мо дарёфт:

Ӯ ба майдон баромад, он лаҳза
Ҷоннисорӣ на кори осон буд.
Ишқи ӯ шуд сипар, ҷасорати ӯ
Нангбардору ори даврон шуд

Ва ҳосили ҷоннисориҳояшон ва халқи ватандӯсту некоинамон буд, ки бо шарофати он оқибат:

Раст Меҳан зи вартаи муҳлик,
Ишқи Меҳан варо тавоне дод,
Бо фари осмонӣ бар халқаш
Бахту толеи осмонӣ дод.
Не, на аз ғайб пеши мо омад,
Халқ бар хеш Пешворо дод,
Ҳосили ранҷҳои чандин аср,
Бахти моро, бақои моро дод.
Ӯ раҳо кард Меҳани моро
Ҳаст то вақт, қадри ӯ донем,
Ӯ наҷотофарини халқи мост,
Ҷону дил пеши пош афшонем.

Давоми 34 соли даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистони мо он қадар нашъу нумӯ ёфту пеш рафт, ки дар таърихи чандинҳазорсола миллати мо онро надида буд. Ҳар соат, ҳар рӯз, ҳар соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат пуропур аз корномаҳои қаҳрамонӣ ва пирӯзиҳои бунёдкоронаи халқи шарифамон бо Пешвои муаззами хеш аст.

Пас чӣ гуна метавон ин саодат, ин амният, ин хушбахтии пирӯзиҳои навини Пешвои миллат ва халқамонро насуруд!?

Ҳоло ба муносибаи ин санаи саодатпайк ва хуҷастафар чанд шеъри нави Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруллоро ба хонандагони азиз тақдим мекунем, то таровати тозае ба руҳияи ватандӯстонаи онон зам намоянд:

БАҚОИ МИЛЛАТ

Имрӯз, ки мо сафои миллат дорем,
Сад ҷон ба раҳи раҳои миллат дорем.

Монандаи Пешвои меҳанпарвар
Аз нанг тане фидои миллат дорем.

Дар меҳани ишқ зиндагӣ коштаем,
Дар ҳар раги ҷон навои миллат дорем.

Ҳар ҷо ки равем, нури Эзад бо мост,
Нуру фари Пешвои миллат дорем.

Дар бозуи ӯ тавони садасраи мост,
Дар дидаи ӯ зиёи миллат дорем.

Бо Сарвари ҷоннисор дар рӯи ҷаҳон
Пирӯзии нав барои миллат дорем.

Бо чеҳраи неки ӯ, қаду қомати ӯ
Дар рӯи ҷаҳон намои миллат дорем.

Дар хоки биҳиштии ниёкони шариф
Эҳёи нави ниёи миллат дорем.

Дар панҷаи дасти заҳматии Сарвар
Сад пайки гираҳкушои миллат дорем.

Бас суннати неки мо ҷаҳонро бигирифт,
Хайру фари дасту пои миллат дорем

Танҳо набувад Сарвари мо, бо ӯем,
Сад ҷону диле фидои миллат дорем.

Эй кош, Худованд нигаҳбонаш бод,
Ӯ ҳаст, ки мо бақои миллат дорем!

НИЁИШ

Шунав аз ман дуои модарона
Ба юмни зиндагониву замона.

Барам бар осмон дасти ниёиш,
Кунам шукронаи садҳо кушоиш,

Ки қадри ин Ватан, ин хок медон,
Муҳаббат борад аз ҳар бораи он.

Зи рӯи Пешвои мо сафо рехт,
Ба дӯши халқи мо бахту бақо рехт.

Ватан шуд маҳзари сулҳу амонӣ,
Шукуфо шуд ба Меҳан зиндагонӣ.

Кунам сад шукри халқи некоин,
Дуои Пешвои покботин,

Ки бар хоки куҳан эҳёи нав дод,
Ба рӯи мо дари иқбол бикшод.

Муборак бар сари мо Сарвари мо,
Ки резад нури покаш бар сари мо.

Кунам шукри биҳишти Тоҷикистон,
Ба бахти сарнавишти Тоҷикистон,

Бимон поянда андар хоки Меҳан,
Аё эй Сарвари бебоки Меҳан!

Шиори зиндагии мо “Ба пеш!” аст,
Раҳи мо ҷониби фардо ба пеш аст!

ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!

Эй Ватан, бо Пешвоят зинда бош!
Бо чунин бахту бақоят зинда бош!

Худ ҳавоят доруи ҷону дил аст,
Бо ҳавои дилкушоят зинда бош!

Нури некии ту дунёро гирифт
Бо фари созу навоят, зинда бош!

Парфишон бодо ҳамеша парчамат
Дар канори қуллаҳоят, зинда бош!

Хайру некӣ пуштибонат будааст,
Адл подошу бақоят, зинда бош!

Файзи озодӣ гулафшон гаштааст
Дар ҳавои дилрабоят, зинда бош!

Пешвоят пешсаф дар ҷодаҳост,
Некномӣ ҳамнавоят, зинда бош!

То сиришти нек дар ҷонат бувад
Раҳнамоят, раҳкушоят, зинда бош!

Бо Сада, бо Меҳргон, бо фазлу хайр,
Бод Наврӯзат бақоят, зинда бош!

Меҳани ман, нусхаи поки биҳишт,
Ман дуо гӯям бароят, зинда бош!

Октябрь 5, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қисми дуюми китоби «Абармарди таърихсоз» аз чоп баромад
Дар Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Дар Душанбе маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Латофат Кенҷаева баргузор гардид
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
Президенти Тоҷикистон: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 муайян карда шуданд