Имконияти содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имконияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур ба Федератсияи Русия 20 октябр зимни мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва ҳайати Русия таҳти роҳбарии муовини Вазири кишоварзӣ Максим Маркович баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои амалӣ гардидани механизми долони сабз барои бемоманиат содирот намудани меваю сабзавот ва таъсиси марказҳои логистикӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Директори Агентии содирот иброз намуд, ки Федератсияи Русия яке аз ҳамшарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, тақвият бахшидани робитаҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Русия ва дар ин замина тақвияти муносибатҳо байни ду давлат мувофиқи мақсад мебошад.
Дар мулоқот ширкати калонтарини Русия- Ҷамъияти саҳомии «Гранд Трейд» ва Гурӯҳи ширкатҳои Х5 иштирок намуда, барои тақвият додани ҳамкорӣ дар самти имконияти содироти молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, бахусус ангур ибрози назар намуданд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






