Имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаи коркард ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар доираи ҷаласаи канорӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Захираҳои муҳимми маъданӣ барои гузариш ба иқтисоди «сабз»» ҷаласаи канорӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ Ховар аз ин чорабинӣ.
Имконияти сармоягузории Ҷумхурии Точикистонро дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи саноати мамлакат, хусусан дар самти истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир муаррифӣ намуд.
Иштирокдорони ҷаласаи канорӣ имконоти сармоягузорӣ ва афзалияти сиёсатро барои рушди устувор ва аз ҷиҳати экологӣ муҳими бахши ашёи хоми стратегӣ дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Дар чорабинии канорӣ масъалаҳои муҳими марбут ба иқтидори Тоҷикистон ҳамчун бозигари калидӣ дар бозори металлҳо ва маъданҳои муҳим барои гузариш ба иқтисоди «сабз» баррасӣ гардиданд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир иброз намуд ки 98% истеҳсоли энергия дар Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда таъмин карда мешавад ва 93% қаламрави мамлакатро кӯҳҳои аз унсурҳои ҷадвали даврӣ ғанӣ ташкил медиҳанд.
«Тоҷикистон дорои тамоми металлу маъданҳои муҳиме мебошад, ки барои гузариш ба иқтисодиёти «сабз» дар саросари ҷаҳон талаботи зиёд доранд», — таъкид намуд Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир.
Ба иттилои ӯ, Тоҷикистон дорои нишондиҳандаҳои назарраси иқтисодӣ мебошад. Аз ҷумла, рушди миёнаи солона 7 фоиз ва рушди саноат дар панҷ соли охир ба ҳисоби миёна 20 фоизро ташкил додааст. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббуси чоруми «Стратегияи миллии саноатикунонии босуръат»-ро, ки ҳадафи он то соли 2026 ду баробар афзоиш додани истеҳсолот ва таъсиси ним миллион ҷойи нави кор мебошад, амалӣ менамояд.
Зимнан иброз гардид, ки дар ҷумҳурӣ 800 кони гуногуни металлу маъдан мавҷуд буда, 100-тои он дар ҳоли коркард қарор дорад. Ба онҳо никел, литий, сурма, мис ва металлҳои нодир дохил мешаванд. Аммо танҳо дар 5%-и ин конҳо корҳои иктишофии геологӣ гузаронида шудаанд, ки ин барои сармоягузорон имконияти иловагӣ фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» майдони муҳим барои ба роҳ мондани ҳамкории коршиносон, соҳибкорон ва бахши хусусӣ ҷиҳати мусоидат ба рушди саноати кӯҳӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Дар ҷаласаи канорӣ таъкид гардид ки Тоҷикистон ҳамчун бозигари калидӣ дар соҳаи рушди устувор ва фарогир ба равишҳои аз ҷиҳати экологӣ масъулиятнок дар соҳаи истихроҷи маъдан таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






