Имрӯз ҷашни Меҳргон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ва мероси муқаддаси ниёгонамон — Меҳргон бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷашни Меҳргон бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ имсол нисбат ба солҳои гузашта фарқ мекунад. Имрӯз дар ин боғ дар доираи ҷашни Меҳргон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди себ ва ангур», «Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» ва «Иди тарбуз, харбуза ва каду» низ бо шаҳомати хосса ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор карда мешаванд.
Даромадгоҳи ҷашнгоҳ бо ангораҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҳои гуногун ороста карда шудааст. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсулоти бо заҳмат парваридаи худро, ки хоси ин минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо пешниҳоди сокинон гардонида, техникаҳои соҳавӣ, кишоварзӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ин ҷашн мебошанд, ба намоиш гузоштаанд.
Чун анъана занони тоҷик аз ҳар гӯшаю канори мамлакат дар ин боғ хони идона оростаанд, ки дар он хӯрокҳои миллии хоси ҳар минтақаи ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббусу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






