Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD» ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD», ки 1 октябр оғоз гардида буд, корашро ба анҷом мерасонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, мақсади асосии баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD» дарёфти шарикони нави ҳамкор, ворид намудани навгониҳо дар самти сохтмон ва ороиши биноҳои истиқоматӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, хамчунин мубодилаи мол байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳибкории ватанӣ дар самти сохтмон мебошад.
Аз соли 2022 то инҷониб соли чорум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи ширкати «TajBuld» Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD»-ро доир менамояд.
Намоишгоҳ се рӯз: аз 1 то 3 октябр амал намуда, дар он зиёда аз 50 ширкату намояндагии корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла соҳибкорони муваффақ аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Туркия ва корхонаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuld -2025» аз шаш қисмат- маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбоб, либосҳои махсуси соҳавӣ иборат мебошад. Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild -2025» дар татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе саҳми муносиб мегузорад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад






