Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид

Октябрь 17, 2025 09:38

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан дар доираи иштирокаш дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест -2025», ки аз 14 то 16 октябр дар Душанбе баргузор  гардид, Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Зимни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои машҳури мамлакат ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ карда шуданд.

Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Татяна Молчан аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносоии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон  навишт.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2025 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид