Масъалаи баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид

Октябрь 27, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи лоиҳаҳо, шаффофият ва риояи стандартҳои байналмилалӣ имрӯз дар мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва  Директори департаменти харид ва идоракунии молиявии Гурӯҳи Бонки исломии рушд Аамир Мир баррасӣ гардид.

Ҷониби Тоҷикистон дархост намуд, то бонк дар тезонидани расмиёти харид ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии «Роғун» мусоидат намояд.

Таъкид гардид, ки мусоидати фаъоли техникии бонк ва истифодаи механизмҳои муосири харид барои баланд бардоштани сифати татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мусоидат мекунад.

Мусоҳибон имконияти ташкили давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони хариди лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (бо таваҷҷуҳ ба банақшагирӣ, тайёркунии ҳуҷҷатҳо, баҳогузорӣ ва назорати иҷро), инчунин ҷалби мушовирони тахассусиро барои дастгирии гурӯҳҳои татбиқкунанда муҳокима намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид