МЕҲРГОН ОМАД, МУБОРАК, МЕҲРГОН ОМАД! Пагоҳ дар Душанбе Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт ҷашни фасли заррини тирамоҳ, ҷашни деҳқонон ва айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзию боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум- Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамчунин дар ин рӯз «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди себ ва ангур», «Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» ва «Иди тарбуз, харбуза ва каду» баргузор карда мешаванд.
Дар ҷашни Меҳргон ва дигар идҳои кишоварзӣ деҳқонон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ин ҷашн мебошанд, ба намоиш мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд, ки «Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашне аст, ки омилу заминаҳои муҳими табиӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ онро то замони мо расонидаанд. Меҳргон мисли Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад».
Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз нав эҳё гардид ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо ҳамчун иди миллӣ дар мамлакатамон таҷлил карда мешавад.
Тавре Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло гуфтааст:
Рӯд бо савту навое дар равон омад!
Ҳар гиёҳе бо муҳаббат бар забон омад!
Пайки хуш бар меҳани озодагон омад!
Меҳргон омад, муборак, Меҳргон омад!
Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваю сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод менамоянд.
Дар фарҷоми Иди Меҳргон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба кишоварзони фаъоли ҷумҳурӣ барои пешниҳоди маҳсулоти хушсифат ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ аз рӯи номинатсияҳо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст






