Модарони ноҳияи Ёвон фарзандонашонро бо дуои нек ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд

ЁВОН, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи даъватшаванда чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин рӯз 335 даъватшаванда бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон итилоъ доданд.
Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Ёвон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, наваскарон ва ҷавонону сокинон роҳпаймоӣ баргузор шуд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода дар ибтидо наваскаронро барои пешаи иродаи ватандӯстона дар роҳи ҳифзи Ватан, ҳимояи арзишҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бо Рӯзи даъватшаванда табрик гуфта, иброз дошт, ки «хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи ҳар фарди Ватан ба ҳисоб рафта, боиси ифтихор ва шарафи бузург аст. Хушбахтона, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон соҳиби Артиши миллӣ ва неруҳои низомии пуриқтидор гардид. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ такягоҳ ва сипари боэътимоди миллат, кафили амнияту осоиш, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият ва марзу буми Тоҷикистон мебошад».
Дар ҳамоиш ба 240 нафар наваскароне, ки даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тооҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Дар ҷамъомад Ҷонмаҳмад Гулзода, падари даъватшаванда Сафиаллоҳ Гулзода, ки пас аз хатми Академия ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегардад, иброз дошт, ки «ман ифтихор менамоям, ки фарзандам ба иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мегардад. Ҳар падару модар орзу дорад, ки фарзандаш барои миллату давлат хизмат кунад ва бо сари баланд ба назди оила баргардад. Мо ифтихор мекунем, ки фарзандонамон зери Парчами миллӣ ва бо номи муқаддаси Тоҷикистон хизмат менамоянд».
Дар ҳамоиши идона чун анъанаи гузаштагон маросими «Кулчагазон» ва барои болидахотирии наваскарон барномаи ҳунарӣ баргузор гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон