Ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100,76 фоиз иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати омори вилояти Хатлон хабар доданд.
Тибқи иттилои агентӣ, то имрӯз кишоварзони ин ноҳия 22 ҳазору 268,4 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Ин нишондиҳанда дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят аз ҳама беҳтар аст.
Кишоварзони ноҳия дар ҷамъоварии умумии пахта дар вилоят саҳми арзанда гузошта, ҳосилро пеш аз муҳлат ҷамъоварӣ намуданд. Иҷрои нақша аз сари вақт ба анҷом расонидани корҳо, таъмини техникаи кишоварзӣ ва обу ҳавои мусоид вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар ва Дӯстӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд. Дар маҷмуъ, ҷамъоварии пахта дар саросари вилоят идома дорад. Коршиносон нисбат ба соли 2024 тамоюли мусбатро иброз доштанд.
Тибқи пешгӯиҳои соҳаи кишоварзӣ, ҳосили умумии пахта дар вилояти Хатлон дар мавсими имсола метавонад аз нишондиҳандаҳои соли 2024 зиёдтар бошад. Ин аз афзоиши самараноки соҳаи пахтакории минтақа дарак медиҳад.
АКС: Раёсати омори вилояти Хатлон









Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






