ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тими Малдив бозӣ мекунад

Октябрь 9, 2025 10:14

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 октябр, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии даври сеюми интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Малдив баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

8 октябр сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Горан Стеванович интизориҳои худро пеш аз бозӣ бо тими миллии Малдив иброз дошт.

«Футболбозон ба бозии дарпешистода бо шавқу ҳаваси зиёд омодагӣ мебинанд. Ман мебинам, ки чашмони онҳо дар тамрин медурахшад. Даста бо садоқати комил кор мекунад. Сарфи назар аз ҷароҳат бардоштани якчанд бозигари асосӣ мо роҳи ҳалро хоҳем ёфт. Ҷойгузинҳои арзанда дорем ва ман ба ҳар бозигари даъватшуда боварӣ дорам. Мо ба тими Малдив эҳтиром мегузорем, аммо наметарсем. Мо бояд ғалаба кунем ва мухлисонро шод намоем. Ҳадаф пирӯзист, аммо дар ҳар қисмати майдон бозии муташаккил, бо интизом ва тарҳрезишуда муҳим аст. Ман интизорам, ки аъзои даста бо дарки дақиқи ҳадафҳо ва садоқати комил амал мекунанд»,-гуфт Горан Стеванович.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд