Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзии ноҳияи Данғара ҳисобида мешавад
ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёт ба шумор меравад. Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, соли 2025 дар 5 ҳазору 215 гектар пунбадона кишт гардид. То имрӯз дар ноҳия 12 ҳазору 356 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 115,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ба иттилои масъулин, кишоварзони ноҳия нақша доранд, ки соли 2026 дар 5 ҳазору 300 гектар пунбадона кишт намоянд.
Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешсаф мебошад. Дар ноҳия имсол дар беш аз 318 ҳазор гектар гандум кишт карда шуда, 62 ҳазору 734 тонна гандум ҷамъоварӣ гардид.
Гандум муҳимтарин захираи хӯрокворӣ дониста мешавад. Он растании патакреша ва хаспоя буда, донаи сафед, зардтоб, сурх ва бунафш дорад. Инчунин он ашёи муҳими саноати хӯрокворӣ аст. Таҷрибаи зиёди заминдорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида ва фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ таъмин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2025 дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз намуданд, ки «мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳама имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем. Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, аз ҷумла дар ҳар оила, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд ва риояи ҳатмии қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ ҳар роҳбар, шахси масъул ва ҳар шаҳрванд бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд».
Кишоварзони ботаҷрибаи ноҳияи Данғара ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд.
Дар ноҳия 30 ҳазору 483 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз он 11 ҳазору 292 гектарашро замини обӣ ташкил медиҳад.
Соли 2025 кишоварзони ноҳия дар 280 гектар пиёз, дар 30 гектар карам, дар 132 гектар бодиринг, 170 гектар помидор ва дар 52 гектар сабзӣ парвариш намуданд. Заҳмати пайваста, риояи агротехникаи кишту парвариш ва дар истеҳсолот афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолиро таъмин намуд.
Кишоварзони ноҳияи Данғара дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба дигар давлатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми намоён мегузоранд. Аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо ҳазорҳо тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот карда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






