Рӯзҳои наздик дар вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварӣ пахта пурра иҷро мегардад

Октябрь 29, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 29.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон рӯзҳои наздик нақшаи ҷамъоварии пахта пурра иҷро мегардад.  Имсол нақшаи ҷамъоварии пахта дар 19 шаҳру ноҳияи вилоят 254 ҳазору 300 тонна ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз ба андозаи 96 фоиз иҷро гардидаст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Баҳодур Ҳасанзода иттилоъ дод.

Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор,  то имрӯз 14 шаҳру ноҳия — Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромаданд.

Баҳодур Ҳасанзода афзуд, ки «кишоварзони вилоят дар доираи иҷрои дастури супоришҳои Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз  17 январи соли 2025 амал намуда,  ҳосили фаровонро таъмин намуданд».

«Дар ин маҷлис Сарвари давлат пахтакориро яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум маънидод карда, оид ба ривоҷ додани ин бахши муҳим супоришҳои қатъӣ дода буданд»,-илова кард сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон.

Ёдовар мешавем, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав  супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда бояд ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз мамлакат берун бароварда нашавад.

Сарвари давлат бо таъкид изҳор доштанд, ки корхонаҳои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва истеҳсоли  маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, минбаъд истеҳсолот пурра дар асоси пахтаи ватанӣ ба роҳ монда шавад.

Тибқи иттилои фаврии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар мамлакат то 29 октябр кишоварзон 352 ҳазору 897 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 90,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар як рӯз чинакчиён то 2461 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин зироатро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид