Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, таҳти унвони «Забон – ҳастии миллат» ҳамоиш доир карда шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Зебонисо Абдуллозода иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар рушду инкишофи забони тоҷикӣ саҳми фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Зеро Роҳбари давлат аз нахустин лаҳзаҳои фаъолияти кориашон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони тоҷикӣ эҳтиром ва арҷи баланд гузоштанд. Ин аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса пайдо кардааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо — соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки забон, фарҳанг ва таърих омилҳои мавҷудияти миллат буда, барои ташаккулу таҳаввули тамоми ҷабҳаҳои ҳастии он заминаи мусоид фароҳам меоранд. Рушди устувори ҷомеа дар заминаи сиёсию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ бе арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ дар марҳилаи кунунии таърихӣ, ки миллати тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат барои эҳёи арзишҳои миллию таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми ҷумҳурӣ ҳамвора саъю талош меварзад, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ амри бисёр муҳим ва воқеӣ аст.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон дар мавзуъҳои «Мақоми забон ва ҳифзи он дар даврони истиқлол», «Забон — омили асосии рушди комили миллат» ва «Забон – муаррифи миллат» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид






