Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар фаъолияти судҳо нақши забон амиқу дақиқ дарҷ шудааст»

Октябрь 4, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ дар аҳди аввалин давлати тоҷикон- Сомониён ба минбару воситаи асосӣ табдил ёфта, дар ҷабҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дараҷаи ниҳоят баланд рушд ёфт. Маҳз дар давраи ҳукмронии ҳамин давлат забони мо ба сифати забони коргузорӣ мавқеи худро пайдо карда, давоми зиёда аз ҳазор сол фаъолият намуд.

— Бояд таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар рушду инкишофи забони тоҷикӣ саҳми фарзанди фарзонаи миллат- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Зеро Роҳбари давлат аз нахустин лаҳзаҳои фаъолияти кориашон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони тоҷикӣ эҳтиром ва арҷ гузоштаанд, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоси худро пайдо намудааст.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо — соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем».

Масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навин яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030», ки 29 ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар мегирад.

Мутобиқи моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳама миллатҳо ва халқияте, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода намоянд.

Дар ин росто хизматҳои Сарвари давлат дар самти рушду такомули забон бесарҳаданд, чунки маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ тавонист баъди чандин ҳазор сол аз нав эҳё гардида, дар сатҳи Конститутсия ва дигар қонунҳо мақоми давлатиро касб намояд.

Маҳз бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукотиба байни рукнҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра бо забони давлатӣ таъмин гардид.

Аз рӯи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал оид ба тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коргузории судҳои иқтисодӣ ба забони давлатӣ-забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар фаъолияти судҳо нақши забон амиқу дақиқ дарҷ шудааст. Чунки яке аз принсипҳои асосии мурофиаи судӣ- ин забони мурофиаи судӣ мебошад. Мурофиаи судӣ дар суди иқтисодӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё забони аксарияти аҳолии маҳал гузаронида мешавад. Ба шахсони дар парванда иштироккунанда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқи ба воситаи тарҷумон бо маводи парванда пурра шинос шудан, иштирок кардан дар амалҳои судӣ ва ҳуқуқи дар суд бо забони модариашон баромад кардан таъмин карда мешавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки далелҳои хаттӣ ва дигар далелҳоро пешниҳод менамоянд, вазифадоранд тарҷумаи онҳоро ба забони мурофиаи судӣ бо шаҳодати дуруст буданашон бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ таъмин намоянд (моддаи 12 –и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Яъне қонуни мазкур ба шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд, шароит фароҳам овардааст, то онҳо бо тарҷумон таъмин карда шаванд.

Мо, кормандони мақомоти судӣ забони давлатиро гиромӣ дошта, дар пос доштани он саҳм мегузорем. Инчунин мо дар фаъолияти худ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамкории худро бо мақомоти дахлдор мунтазам ба роҳ мондаем. Албатта, қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо буда, эҳтирому эҳтиёт ва ҳамеша поку беолоиш нигоҳ доштани он будан вазифаи ҷонии мо мебошад.

Зебонисо АБДУЛЛОЗОДА,
раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

АКС: Суди Олии иқтисодӣ/манбаъҳои боз

Октябрь 4, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласа доир ба таъсиси Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои ИДМ ба кори худ оғоз намуд
«ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
НАМУНАИ ИБРАТ. Раиси ноҳияи Восеъ ва раиси Ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ писаронашонро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Дар Тоҷикистон шумораи аҳолии аз 100-сола боло 415 нафарро ташкил медиҳад
1 ОКТЯБР — РӮЗИ ПИРОНСОЛОН. Таъмини зиндагии шоиста барои онҳо афзалияти сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон аст
«МАН БА ХИЗМАТ МЕРАВАМ». Таҳти ин унвон дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли 2025 шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт 10,2 фоиз афзудааст
Масъалаи омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Тоҷикистонро дар моҳи октябр чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар шаҳри Бӯстон ташхиси ройгони тиббии шаҳрвандон гузаронида шуд