Сафири Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат дар Абу Забӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат, ки аз ҷониби Иттиҳодияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат (IUCN) дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Абу Забӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, Конгресс нахустин маротиба дар қаламрави кишварҳои Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ доир гардида, аз 9 то 15 октябри соли 2025 идома меёбад.
Дар конгрес беш аз 10 ҳазор иштирокчӣ — роҳбарони давлату ҳукуматҳо, сарвазирон, вазирон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҳайатҳои дипломатии муқим, ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкориву тиҷоратӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доранд.
Ҳадафи асосии ин ҳамоиши бузург — муайянсозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷомеаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкорӣ барои таъмини рушди устувор дар даҳсолаҳои оянда мебошад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд






