Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баррасӣ карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Комиссия ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад.
Президенти кишвар илова намуданд, ки ин ҳамкорӣ масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани инфрасохтор, ҳамчунин татбиқи ҳадафҳои “Раванди Душанбе оид ба об” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро дар бар мегиранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси Комиссияро дар мусоидат ба татбиқи иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои истифодаи устувори захираҳои обӣ, соддагардонии расмиёти савдо ва рушди иқтисоди сабз баланд арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкории худро бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, логистика, сертификатсия, рақамисозии омор ва таҳкими иқтисоди минтақавӣ идома диҳад.
Дар идома нақши Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва густариши савдои байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Масоили марбут ба мубориза бо тағйирёбии иқлим низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Дар анҷом омодагии Тоҷикистон барои боз ҳам густариш додани ҳамкории ҳамаҷониба бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо таъкид гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд






