Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) зимни мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ноиби Президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), масъули Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна Рикардо Пулити баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, мулоқот дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуда, ҷонибҳо аҳамияти фаъолгардонии бештари фаъолияти корпоратсияро дар ҷумҳурӣ таъкид намуданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи хосса ба зарурати тавсеаи барномаҳои дастгирии молиявӣ, аз ҷумла тавассути татбиқи васеи лизинг ва қарзҳои ипотекӣ ба воситаи бонкҳои маҳаллӣ зоҳир карда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории фаъол дар самти дастгирии бахши хусусӣ, сармоягузории мустақими хориҷӣ ва рушди муҳити мусоиди сармоягузорӣ изҳори омодагӣ карда, иштироки IFC-ро дар татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ, махсусан дар бахши энергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон ҳамсуҳбатон нақшаҳои мушаххасро барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон, бахусус рушди бахши хусусӣ, истеҳсоли энергияи барқароршаванда, аз ҷумла офтобӣ, густариши иқтисоди «сабз» ва ғайра барои солҳои наздик баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо назардошти афзалияти стратегии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва ҷалби маблағгузории иловагӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






