Тоҷикистон ва IRENA дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамкориро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) Франческо Ла Камера дар шаҳри Остона баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мулоқот дар ҳошияи Ҳафтаи энергетикии Қазоқистон-2025 ва Форуми XVI Авруосиёии KAZENERGY баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, офтобӣ ва бодӣ, инчунин табодули таҷриба ва технологияҳои муосирро баррасӣ намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад. Истифодаи самараноки онҳо метавонад ба таъмини амнияти энергетикии минтақа, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва рушди энергетикаи «сабз» мусоидат намояд.
Дар айни замон Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






