ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ. Аз соли 1992 байни ду давлат зиёда аз 320 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз соли 1992 байни Тоҷикистон ва Русия зиёда аз 320 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ-техникӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва дигар самтҳо танзим менамоянд. Ҳуҷҷатҳои асосии ҳамкорӣ ин Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобил (аз 25 майи соли 1993) ва Созишнома дар бораи ҳамкории иттифоқчигӣ, ки ба асри XXI нигаронида шудааст (аз 16 апрели соли 1999) мебошанд.
Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия ҳамасола дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон дар рӯйхати шарикони асосии тиҷоратӣ дар ҷойи якум қарор дошта, ин нишондиҳанда тадриҷан тамоюли афзоиш дорад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар моҳҳои январ-июли соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ бо Федератсияи Русия 1 миллиарду 252,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 134,3 миллион доллар ё 12 фоиз зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-июли соли равон аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ба маблағи 64,2 миллион доллар молу маҳсулот содирот гардидааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2024 0,4 миллион доллар зиёд мебошад. Воридот 1 миллиарду 188,4 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2024 133,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ки робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели соли 1992 барқарор гардида, асоси рушди муносибатҳои дуҷониба Протоколи таъсиси робитаҳои дипломатӣ байни ду давлат мебошад, ки 8 апрели соли 1992 ба имзо расидааст. Моҳи декабри соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуда, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск фаъолият мекунанд.
Ҳоло ҳамкорӣ бо минтақаҳои Русия фаъол гардидааст, ки ин ба рушди савдо, сармоягузорӣ ва ҳамкории саноатӣ мусоидат мекунад. Имрӯз 80 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон ҳамкории мустақими иқтисодӣ ва тиҷоратӣ доранд. Ҳамзамон ҳамкории байнипарлумонӣ мустаҳкам шуда, ба таҳкими шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Русия мусоидат мекунад. Аз соли 2006 дар назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ бо Шурои Федератсияи Русия фаъолият дорад, ки ҷаласаҳои он ду маротиба дар як сол баргузор мегарданд.
Русия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар давраи январ-октябри соли 2024 гардиши мол байни ду давлат 19,8% афзоиш ёфта, ба 1,618 миллиард доллари ИМА расид. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 корхонаи муштарак бо сармояи Русия фаъолият дошта, корҳо оид ба густариши ҳамкории байниминтақавӣ идома доранд.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вазни хоси савдои мутақобил бо Федератсияи Русия дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли 2025 22,4 фоизро ташкил дода, дар ҷои 2-юм қарор гирифт.
Нақши калидӣ дар рушди ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия рост меояд. Дар доираи ин Комиссия созишномаҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ то соли 2027 ба имзо расидаанд, ки лоиҳаҳоро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, маориф ва фарҳанг дар бар мегиранд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар асоси якчанд созишномаи ҳукуматӣ ва идоравӣ танзим карда мешавад. Ҳамасола ҷониби Русия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия квота ҷудо мекунад. Дар Тоҷикистон лоиҳаи иштироки омӯзгорони рус барои таълими фанҳо ба забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ амалӣ карда мешавад.
Риштаҳои фарҳангӣ тавассути баргузории рӯзҳои фарҳанг ва намоишгоҳҳо сол аз сол мустаҳкамтар мегарданд.
Ҳамзамон ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар доираи Барномаи муосиргардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими субот дар минтақа боқӣ монда, ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар доираи созмонҳои бисёрҷониба идома дорад.
Тоҷикистон ва Русия дар майдони байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз