Вобаста ба криосфера, иқлим ва захираҳои об конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Криосфера, иқлим ва захираҳои об: масъалаҳои кунунӣ ва ҳамкории байналмилалӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар конференсия натиҷаҳои таҳқиқоти криосфера дар Тоҷикистон, натиҷаҳои экспедитсияи илмии олимони тоҷик, швейтсарӣ ва ҷопонӣ оид ба гирифтани намунаи ях аз пиряхи ҳавзаи кӯли Қароқӯл, ҳолати таназзули яхбандии доимӣ дар Помири Шарқӣ, нақши ташаббуси байналмилалии Тоҷикистону Фаронса оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025–2034» дар ҳифзи илмҳои криосфера мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии глобалии иқлим минтақаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддиро аз сар мегузаронанд. Ин боиси афзоиши бештар ва такроршавии омилҳои хатарноки табиӣ, аз қабили рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, тармафароӣ ва фурӯпошии криосфера мегардад, ки бо ҷараёни заминлағжӣ, обхезӣ ва селҳои пурқувват алоқаманд мебошад. Назорат ва таҳқиқоти пайвастаи криосфера бо истифода аз воситаҳо ва усулҳои муосир имкон медиҳад, ки таъсири онҳо арзёбӣ шавад, дастрасии об барои бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ пешгӯӣ гардад, тавсияҳо барои пешгирӣ ва коҳиши хавфҳои эҳтимолии фавқулода таҳия шаванд ва низомҳои муосири огоҳии барвақтӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ ва душворасоси кӯҳӣ татбиқ гарданд. Ин низомҳо ба арзёбӣ, пешгӯӣ ва коҳиши хатарҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои ҷомеаҳои маҳаллӣ мусоидат мекунанд.
Пиряхҳо на танҳо манбаи оби тоза дар моҳҳои фасли тобистон мебошанд, балки маълумоти муҳими иқлимиро низ дар худ нигоҳ медоранд, ки давоми садҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо ҷамъ шудаанд.
Бояд гуфт, ки конференсия бо ташаббуси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Швейтсария, Идораи ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Донишгоҳи Фрибург, Швейтсария, Лоиҳаи PAMIR-и Институти полярии Швейтсария дар доираи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025–2034» ва экспедитсияи муштараки илмии Тоҷикистон, Швейтсария, Фаронса ва Ҷопон дар пиряхҳои Помири Шарқӣ баргузор шуд. Ҳадафи конференсия аз муттаҳид намудани кӯшишҳои ҷомеаи илмии байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ, мутахассисон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти байналмилалӣ иборат буд.
АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






