Ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 19, 2025 14:39

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федералӣ оид ба паноҳандагон, муҳоҷират, фарогирии иҷтимоӣ ва сиёсати шаҳрдории Подшоҳии Белгия Аннелин ван Боссёйт баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додад, ҷонибҳо зимни мулоқот роҷеъ ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Белгия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва рушди иртиботи тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Аннелин ван Боссёйт дар ин маврид Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расониданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2025 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд
Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бошқирдистони Федератсияи Русия мулоқот намуд