Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд

Ноябрь 14, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади  шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, хатсайри сайёҳӣ бо ҷалби роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар доираи хатсайр аз ҷониби роҳбаладон вобаста ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Иштирокчиёни хатсайри сайёҳӣ бо Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 10 апрел бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Иброз гардид, ки гӯшаҳои алоҳида, ки дар Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ба ташаккули маълумоти ҳар бинанда аз масири таърихии тоҷикон мусоидат менамоянд. Таърихи ниёгон, Тоҷикистони Шуравӣ, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар маълумоту навгониҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи бахшҳо дар осорхона мебошанд.

Дар ин ҷо маълумот аз давраҳои гуногуни давлатдории тоҷикон, фаъолияти ҳизб ва дастоварду музаффарияти Тоҷикистон бо роҳи ҷамъоварии аксу аёният ва маводи чопӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Иштирокчиёни хатсайр дар кинотеатри «Ватан» филми мустанaди «Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳи ҷаҳон»-ро тамошо карданд. Филм фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи барқарорсозии сулҳи тоҷикон, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори мамлакат ва иштироки созандаи Тоҷикистон дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ инъикос менамояд. Тамошои филм ба иштирокчиён имкон дод, ки нақши калидии Тоҷикистон ва сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлатро дар таҳкими субот ва амнияти минтақавӣ амиқтар дарк намоянд.

Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам барои таҷлили сазовори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар замиру ботини сокинони пойтахт тарбият намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузорӣ ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои гуногун меандешад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навини мамлакат, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии обруву нуфуз ва мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин ҳама аз салоҳиятнокӣ, фаъолияти босамар ва соҳибхирадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 

 

Ноябрь 14, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд