Бахшида ба 31-солагии Конститутсия дар Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Саъди Шерозии ноҳияи Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.
Бинои иловагӣ аз чор синфхонаи таълимӣ ва утоқи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, дар он зиёда аз 250 нафар хонанда таҳсил менамояд. Сохтмони ин иншоот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, саҳми падару модарон ва устоҳои маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд.
Синфхонаҳои бунёдгардида бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, ҷевон ва дигар дастгоҳу аёниятҳои хониш таъмин карда шуданд. Дар бинои иловагӣ синфхонаи компютерӣ ташкил гардида, он бо компютерҳои нав муҷаҳаз гардидааст.
Зимни ба истифода додани иншоот Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз намуд, ки таъмини шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагон ва омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба истифода додани чунин иншооти таълимӣ, шароити таҳсил ва сифати таълим дар муассисаҳои ноҳия боз ҳам беҳтар мегардад.
Дар ин рӯз ба сохтмончиён, падару модарон ва ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи ин иқдоми шоиста саҳм гузоштанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардида, ба хонандагони ятиму аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳо тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?






