Дар Брюссел ҷаласаи 11-уми Шурои ҳамкории Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо доир шуд

Ноябрь 21, 2025 10:31

ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр  дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 11-уми Шурои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нишаст таҳти ҳамраисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос баргузор шуд.

Аснои чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди муколамаи сиёсӣ, вазъи мушорикати тиҷоратию иқтисодӣ ва имконоти ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳо марбут ба рушди «сабз», пайванди нақлиётӣ ва рақамӣ, ҳамкорӣ дар самти истихроҷу коркарди ашёи хоми муҳим, ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон ба масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавии мавриди алоқа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҷаласа дар фазои созанда баргузор шуда, ҷонибҳо барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 21, 2025 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд