Дар Душанбе Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гардид

Ноябрь 24, 2025 13:51

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзуи «Пешбурди ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт» баргузор гардид, ки дар  кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форум таҳти ҳамоҳангии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак  Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак яке аз воситаҳои муҳими таъмини генофонди миллӣ, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ гардида, дар маркази таваҷҷуҳ ва сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

«Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар минбари озодиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар қатори аввалин давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонд, ки соли равон ба қабули он 32 сол пур мешавад»,-гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Ҳадафи форум муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба онҳо, масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, тақвияти низоми ҳифзи иҷтимоии кӯдак ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии котибони мақомоти васояту парасторӣ ва аъзои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ гардид.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода вобаста ба дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар мамлакат иброз дошт, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдак ва ҳифзи он равона гардид. Мамлакати мо ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз нахустин давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид.

«Бо мақсади татбиқи талаботи ин конвенсия соли 2015 дар  Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» қабул карда шуд. Баъд аз қабули қонун зарурати муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Ҳукумати ҷумҳурӣ 19 августи соли 2016 дар асоси қарор Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян намуд. Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2019 ба сохтори Вазорати маориф ва илм тағйирот ворид карда шуда, раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ҳамчун ниҳоди нав бо 8 воҳиди корӣ ташкил карда шуд»,-гуфт муовини вазир.

Дар форум изҳор гардид, ки вобаста ба амалишавии босамари Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак гузоришҳои миллии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди дахлдори Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мешаванд. Баъд аз баррасӣ гардидани гузоришҳои миллӣ ба Ҳукумати мамлакат тавсияҳо низ пешниҳод мегарданд. Барои иҷрои ин тавсияҳо ва татбиқи босамари Конвенсия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якҷо бо дигар вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақшаҳои амали миллӣ таҳия, муҳокима ва тасдиқ карда мешаванд. Ҷараёни иҷрои онҳо зери назорати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синн яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз беш аз 41,4 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо вобаста ба ояндаи неки кӯдакон изҳор намуданд, ки «…барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ зарур аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо — калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар руҳияи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем».

Дар мамлакат барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.

Дар форум таъкид гардид, ки Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак маҳсуб мешавад, ки  тибқи  қонунгузории амалкунанда кӯдаконро аз ҳама намудҳои ҷазои бераҳмона ҳимоя менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 24, 2025 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 20 ҳазор нафар дар ҳамоиши идона дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир карда шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Ёвон Рӯзи Парчами давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Душанбе масъалаи ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор дорад
Дар Вазорати адлия Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Масъалаи дастгирии соҳибкории хурду миёна дар бахшҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо баррасӣ карда шуд