Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид

Ноябрь 12, 2025 19:14

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода  бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Саҳир Шамшод Мирзо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо хушнудӣ ёдовар шуда, рушди ҳамкории минбаъдаро дар асоси ин сиёсат нек арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро баррасӣ намуда, дар шароити вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстиву бародариро муҳим арзёбӣ карданд.

Баргузории машқҳои муштарак дар ҳарду мамлакат, табодули таҷрибаи якдигар ва ба омӯзиш фаро гирифтани хизматчиёни низомӣ аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буд.

Ёдовар мешавем, ки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Эмомалӣ Собирзода дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сафари расмӣ қарор дорад.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2025 19:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд