Дар Кумитаи андоз масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирӣ он баррасӣ гардид

Ноябрь 25, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти андоз баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи андоз хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия, татбиқи дурусти қонунгузории ҷорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда баррасӣ гардид.

Иброз гардид, ки муқовимат ба коррупсия на танҳо вазифаи кормандони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, балки вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмуъ ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.

Дар вохӯрӣ оид ба татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия,  аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ба иштирокчиёни вохӯрӣ тавсияҳои судманд пешниҳод гардид.

Гуфта шуд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо коррупсия дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омада, барои расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ, таъмини муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия ва баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои дахлдор ба роҳ монда шуда истодааст.

Мақомоти андоз — ҳамчун субъекти дар муқовимат ба коррупсия иштирокунанда барои пурзур намудани фаъолияти худ дар самти мубориза бар зидди коррупсия, маҳдуд намудани омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандон, татбиқи дурусти муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваста гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар фаъолияти мақомоти андоз тадбирҳои иловагӣ меандешад.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 25, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид