Дар Сеул лоиҳаи сохтмони маҷмааи «IT Hub Dushanbe» баррасӣ гардид

Ноябрь 11, 2025 14:41

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими ояндаи рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони маҷмааи «IT Hub Dushanbe» дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо муовини президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) Ҳонг Сокҳва дар Сеул баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар меҳвари музокирот яке аз ташаббусҳои муҳими фазои рақамии Тоҷикистон — тарҳи сохтмони маҷмааи «IT Hub Dushanbe» қарор гирит.

Ин лоиҳа, ки ҳамчун тарҳи муҳташами миллӣ дар маркази пойтахт татбиқ хоҳад шуд, ба сифати муҳаррики асосии экосистемаи инноватсионии мамлакат фаъолият намуда, барои ширкатҳои технологӣ, стартапҳо ва соҳибкорон инфрасохтори муосир ва муҳити мусоиди фаъолиятро фароҳам хоҳад овард. Лоиҳа рушди иқтисоди рақамӣ, ташаккули навоварии ҷавонон ва рушди устувори рақамиро дар саросари мамлакат тақвият хоҳад дод.

Барои татбиқи ин ташаббус Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Лоиҳа иродаи муштараки ҳарду ҷонибро дар самти таҳкими ҳамкории технологӣ ва пешбурди рушди фарогир тавассути навоварӣ инъикос менамояд.

Ин марҳилаи аввалини амалӣ гардидани консепсияи таъсиси «IT Hub Dushanbe» мебошад. Хуршед Мирзо таъкид намуд, ки «ташкили Маркази «IT Hub Dushanbe» заминаи асосии экосистемаи инноватсионии Тоҷикистон хоҳад шуд — маконе, ки истеъдодҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҷамъ меоянд, идеяҳо ба воқеият табдил меёбанд ва пешрафти рақамӣ имконияти нав фароҳам меорад».

Маркази «IT Hub Dushanbe» на танҳо лоиҳаи инфрасохторӣ, балки рамзи воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави гузариш ба низоми рақамӣ хоҳад буд — марҳилае, ки ба таҳкими фарҳанги рушди стартапҳо, соҳибкорӣ ва муосирсозии устувори иқтисод равона мегардад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2025 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад