Дар шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад.
Дар фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо хоҷагидорон ва масъулин чорводориро яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки соҳаи чорводорӣ солҳои охир бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзун мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2,8 миллион сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 1,5 миллион сар модагов, 31 400 сар қутос, 7,5 миллион сар гӯсфанду буз ва 94,4 ҳазор сар асп, 13,7 миллион сар паранда ва зиёда аз 265 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар ин давра 292,6 ҳазор тонна гӯшт ва 853 ҳазор тонна шир, 42 ҳазор тонна гӯшти паранда, 8,5 ҳазор тонна пашм ва 4 ҳазор тонна асал истеҳсол карда шудааст. Тибқи таҳлилҳо, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 саршумори чорвои калон 120 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 84 ҳазор сар, гӯсфанду буз 360 ҳазор сар, асп 3,6 ҳазор сар, истеҳсоли гӯшт 26 ҳазор тонна ва шир 20 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Чорводорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки кишоварзӣ ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи назаррас дорад. Аз ҷумла, пешрафти зотпарварӣ ва зиёд намудани чорвои калони зотӣ, хушзотгардонии чорвои мавҷуда ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорвои колону моли майда дар афзун гардонидани истеҳсоли гӯшту шир мавқеи муҳим дорад. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 80 хоҷагии зотпарварӣ фаъолият дорад, ки дар он зотҳои гуногуни чорвои шохдори калону майда ва аспу паранда, занбӯри асалу моҳӣ ва харгӯш парвариш мешаванд.
Дар фарҷом як зумра фаъолон ва кормандони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






