Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид

Ноябрь 7, 2025 23:24

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣроҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва гуруҳисоҳибкорони муваффақи кишвар намояндагӣ карданд.

Қабл аз оғози Бизнес конфронс дар макони махсуси Маркази Кеннедӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаҳои расму оин, фарҳангу тамаддун ва дигар дастовардҳои мардуми тоҷик ба маъраз гузошта шуд.

Бизнес конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарбахшҳои алоҳида баргузор гардид ва намояндагони доираҳои соҳибкории кишвари мо зимни суханронӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадор, имконоти ҷалби сармоя ба бахшҳои гуногуни кишвари мо, табодули таҷриба дар самти рақамикунонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, робитаҳо дар соҳаи технологияҳои муосир ва ғайра андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, олими ҷавон Азизҷон Азимӣ зимни суханронии худ дар бораи имконоти ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва аҳамияти зеҳни сунъӣ дар замони муосир андешаронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳамешагии Ҳукумати кишвар барои истифодаи васеъ ва самараноки зеҳни сунъӣ бодарназардошти аҳамияти он тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.

Дар бизнес-конфронс, ҳамчунин, дар бораи сарватҳои табиии Тоҷикистон ҳамчун заминаи устувор барои рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат андешаронӣ сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи иштирокдорони Бизнес — конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба самтҳои дигар ва судбахши ҳамкорӣ бо кишвари мо, аз ҷумлаистифодаи иқтидору имконоти бахшҳои саноатикуҳкорӣ, металлургия, сабук, хӯрокворӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ҷалб карда шуд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор номида шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистони кӯҳсор бо табиати зебо, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худ барои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ васолимгардонӣ  имкониятҳои фаровон дорад.

Тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузории мустақим, илму техника ва рақамикунонӣ ба манфиати кишварҳои иштирокдори бизнес-конфронс дониста шуд.  

Ноябрь 7, 2025 23:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид