Дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ беш аз 14 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то октябри соли равон аз ҷониби корхонаҳои ресандагӣ беш аз 14 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон 14 корхонаи ресандагӣ фаъолият мекунад. Аз шумораи умумии корхонаҳои коркарди нахи пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «ИИ Нассоҷии Тоҷик»-шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН»-и шаҳри Хуҷанд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати Ашт», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» маҳсулоти гуногун, аз қабили либосворӣ, матоъ ва ҷӯроб истеҳсол карда мешаванд.
Дар мамлакат саноати сабук бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, хусусияти меҳнатталабӣ, ки ба ташкили шумораи зиёди ҷойи кор мусоидат мекунад ва қобилияту имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад. Дар саноати сабук афзалият ба соҳаи коркарди нахи пахта дода шуда, ба рушди он аҳамияти хосса дода мешавад. Чунки дар Тоҷикистон иқтидори захираи ашёи хом барои ин соҳа мавҷуд буда, ҳамасола ба ҳисоби миёна аз 100 то 120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда мешавад.
Ислоҳоти солҳои охир дар ин соҳа амалишуда ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат карда, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаи коркарди нахи пахтаи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






