Дар Тоҷикистон моҳи октябр сатҳи оби дарёҳо кам гардидааст

Ноябрь 18, 2025 17:07

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ пастшавии сатҳи об ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯйии обшиносии Маркази пешгӯии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат Сафархон Шарофиддинов иттилоъ дод.

Обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ асосан аз захираҳои мавсимии барф, ки дар давраи тирамоҳу зимистон (аз моҳи октябр то охири март) дар болооби ҳавзаҳои дарёҳо ташаккул меёбад, вобастагӣ дорад.

Мувофиқи мушоҳидаҳои бисёрсолаи гидрологӣ, давраи камобии дарёҳои асосии ҷумҳурӣ аз моҳи октябр то март идома меёбад. Давраи серобшавии дарёҳо (аз ҷумла, Вахш) аз моҳи апрел оғоз гардида, то моҳи сентябр идома мекунад.

Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, омили асосии пастшавии сатҳи рӯдхона таъсири тағйирёбии иқлим буда, дар натиҷа майдони пиряхҳо дар болооби ҳавзаи дарёҳо кам мегардад. Ин раванд боиси камшавии об дар ҳавзаи дарёҳои асосии ҷумҳурӣ мешавад.

Давоми моҳи октябр обнокӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш дар ҳудуди меъёр- 93 фоиз, дар ҳавзаи дарёи Панҷ аз меъёр кам: 47-73 фоиз, дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон аз меъёр кам ва дар ҳадди меъёр: 81-91 фоиз ва дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар ҳадди меъёр: 90-95 фоиз мушоҳида гардид.

Инчунин дар дарёи Исфара обнокӣ аз меъёр кам- 87 фоиз ва дар дарёи Қаратоғ ин нишондиҳанда дар ҳадди меъёр- 91 фоиз ба мушоҳида расид.

Ҳаҷми оби обанбори Норак давоми моҳи октябр 22 миллион метри мукааб кам гардида,  то санаи 31 октябри соли равон 104  миллиону 83 ҳазор  метри мукаабро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  42 миллион метри мукааб кам мебошад.

Ҳаҷми оби обанбори Қайроққум давоми моҳи октябр 512 миллион метри мукааб зиёд гардида, ба санаи 31 октябри соли равон 2 миллиону 066 ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  472 миллион метри мукааб кам мебошад.

Мувофиқи меъёр, сатҳи оби обанбори Норак бояд дар сатҳи 910 метр бошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 18, 2025 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид