Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба қатори беҳтарин донишгоҳҳои «QS» Осиё–2026 ворид гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раддабандии беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё барои соли 2026, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳон «QS» (Quacquarelli Symonds) натиҷагирӣ карда шуд, ворид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар раддабандии имсола Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 23,2 хол ба даст оварда, дар қатори 45 фоизи беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё ҷой гирифтааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба натиҷаҳои солҳои 2022-2025 беҳтарин дастоварди Донишгоҳи миллӣ дар раддабандии «QS» ба шумор меравад.
Ба раддабандии нави QS 1529 донишгоҳи бонуфузи Осиё дохил гардидаанд, ки нисбат ба соли 2024 542 донишгоҳ бештар аст. Аз 35 давлати эҳтимолии қитъа танҳо донишгоҳҳои 25 кишвар ба рӯйхат дохил шудаанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






