Иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр зимни машварат дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон масъалаи иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, махсусан картошка ва пахта барои ҳосили соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машварат раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салим Салимзода вазъи истифодаи замин, ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, мувофиқи дурнамои тасдиқгардида кишт намудани зироати кишоварзӣ, ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди таҳлил қарор доданд. Масъулин ҳамчунин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дода шаванд. Инчунин шакли ягонаи маълумотнома оид ба дурнамои кишти зироат ба заминистифодабарандагон бояд дастрас карда шавад.
Масъулин барои истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, махсусан заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимондаю партов, риояи агротехникии кишти зироати кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо дастур гирифтанд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






