Масъалаи истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Риёз дар доираи Конфронси кулли Созмони рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид, мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва захираҳои минералии Арабистони Саудӣ Бандар Ал-Хурайф баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати маъдан, иқтисод, сармоягузорӣ, рушди саноат, истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот ва истихроҷи маъданҳо гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир вазири саноат ва захираҳои минералии Арабистони Саудиро даъват кард, ки дар Форуми дуюми байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки 9 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намояд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






