НАМУНАИ ИБРАТ. Соҳибкорону сокинони деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар корҳои созандагию ободонӣ саҳми назаррас мегузоранд
ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорону сокинони саховатпешаи деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои созандагию ободонӣ саҳми намоён гузоранд. Аз ҷумла, соҳибкор Анвар Қурбонов мақсад гузоштааст, ки дар маркази деҳоти Кангурт як муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 400 кӯдак бунёд намояд.
Ёдовар мешавем, ки 2 октябри соли равон бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик иншооти ҷашнӣ — майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Майдони Парчам аз ҷониби соҳибкорону сокинони саховатпешаи деҳоти Кангурт сохта шудааст.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кангурт 65 метр, дарозии матоъ 20 ва паҳноиаш 10 метр мебошад. Дар атрофи Парчами давлатӣ, ҳамзамон барои сайругашти шабонарӯзии мардум фаввораҳои замонавӣ бунёд ва чароғакҳои муосир бо насби панелҳои офтобӣ насб шудааст. Аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешавад, ки ин василаи муҳими парвариши ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози кишвар мебошад.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 баён гардид, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар се соли охир аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси ҷумҳурӣ беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Ба таъкиди Сарвари кишвар дар ин давра беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангу фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
«Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд. Дар ҳама ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.
Дар Паём Президенти Тоҷикистон ба ҳама соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






