Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар рушди энергетикаи устувор намоиши аксҳо доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо: ҳамкорӣ дар рушди энергетикаи устувор» — таҳти чунин унвон дар Душанбе намоиши аксҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими ифтитоҳи намоиши аксҳо муовини Вазири энергетикаи мамлакат Манучеҳр Сафарзода иброз намуд, ки «ин намоиши аксҳо аҳамияти махсус дорад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус ба ҷалби духтарон ва занон ба соҳаи энергетика зоҳир карда мешавад. Ин самти стратегӣ ва муҳим аст, зеро рушди энергетикаи устувор бе имконияти баробар барои ҳама ғайриимкон мебошад».
Дар Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои амалӣ шудани фаъолияти касбии занон дар соҳаи энергетика муҳайё аст, аммо, мутаассифона, духтарон кам ба ин роҳ қадам мегузоранд. Дар намоиши аксҳо расму мусаввараҳои занону духтарони тоҷике, ки дар соҳаи энергетикаи мамлакат бо мардон паҳлу ба паҳлу фаъолият менамоянд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ин далели далерию шуҷоатмандии занону духтарони тоҷик мебошад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






